2 сентябри соли 2024 вохӯрии Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов бо Мудири иҷроияи Иттиҳодияи федералии соҳибкорони хурду миёнаи Олмон (BVMW International) Андреас Ян ва Мудири генералии ширкати “Janser Consult GmbH“ Сергей Серебранский баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо атрофи масъалаҳои рушди муносибатҳои иқтисодӣ, барпо намудани чорабиниҳо оиди муаррифии зарфиятҳои иқтисодии Тоҷикистону Олмон мулоқот намуданд. Ҷонибҳо зимни суҳбат масъалаи ҷалби шаҳрвандони Тоҷикистонро ҷиҳати омӯзиши касбҳои гуногун дар Олмон баррасӣ намуданд.
Барои маълумот: BVMW иттиҳодияи мустақилест, ки манфиатҳои беш аз 3,3 миллион ниҳоди соҳибкории хурду миёна дар Олмонро намояндагӣ мекунад. BVMW бо намояндагиҳои хориҷии худ дар зиёда аз 75 кишвари ҷаҳон ба соҳибкорони олмоние, ки мехоҳанд дар хориҷа тиҷоратро пеш баранд, мусоидат менамояд.