13 июли соли 2024 дар шаҳри Магдебурги Олмон мусобиқаи варзишӣ оид ба аспдавонӣ барои дарёфти ҷоми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси Парлумони музофоти федеролии Саксония-Анҳалт ҷаноби Гуннар Шелленбергер, сафирони як қатор кишварҳои хориҷӣ ва намояндагони васоити ахбори омма дар фазои тантанавӣ баргузор гардид.
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон дар ҳамкорӣ бо “German Global Trade Forum Berlin”, шабакаи тиҷоратии Дӯстони Шабакаи соҳибкорони “H4 Racing Club" ва ширкати “Wettstar” ҳамчун сарпарастони як пойгаи мусобиқа дар масофаи 1300 метр баромад намуда, ба ғолибони пирӯзшуда мукофотҳои пулӣ ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супориданд.
Чорабинии мазкур зиёда аз 3000 тамошобинро ҷамъ намуд, ки дар қатори онҳо намояндагони доираҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва соҳибкорони замини федеролии Саксония-Анҳалт ҳузур доштанд.
Мусобиқа таҳти шиори “Хуш омадед ба боми ҷаҳон. Тоҷикистонро бубинед, таҷриба кунед ва лаззат баред" баргузор шуда, ба ҳозирин имкон дод, ки дар бораи Тоҷикистон, бахусус иқтидор ва имконоти сайёҳии он бештар маълумот пайдо кунанд.
Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов дар баромади худ аз ҳозирин даъват ба амал овард, то аз Тоҷикистон дидан кунанд во бо таъриху фарҳанги куҳани тоҷикон шиносоӣ пайдо намуда ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратиро ба роҳ монанд.
Дипломати тоҷик дар илова қайд намуд, ки мусобиқаи мазкур дар иду ҷашнвораҳои Тоҷикистон баргузор гардида, мақоми варзишии миллиро дорад. Инчунин таъкид гардид, ки солҳои охир пойгаи аспдавонӣ бештар маъруфият пайдо карда, шаҳри Душанбе бо шарофати талошҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии пойтахт ба маркази рушдёфтаи ин намуди варзиш табдил ёфта, сазовори таваҷҷӯҳи хоси ҳаводорон гаштааст.
Зимни чорабинӣ ҳамчунин суҳбати Сафири Тоҷикистон И. Сатторов бо Раиси Ландтаги (Парлумони музофоти федеролӣ) Саксония-Анҳалт ҷаноби Гуннар Шелленбергер баргузор гардид.