Мулоқоти навбатии Сафир бо роҳбарияти Намояндагии иқтисоди Олмон дар Осиёи Марказӣ (AHK) ва намояндаи Иттиҳодияи палатаҳои савдо ва саноати Олмон (DIHK)

11.07.2024 14:37

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов бо роҳбари Намояндагии иқтисоди Олмон дар Осиёи Марказӣ (AHK) Овсеп Восканян ва Сардори Раёсати кишварҳои Осиёи Марказӣ, Туркия ва Муғулистони Иттиҳодияи палатаҳои савдо ва саноати Олмон (DIHK) Макси Ҳулсен мулоқот баргузор намуд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ дурнамои тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни Тоҷикистону қишвари иқомат баррасӣ гардида, авлавиятҳои калидии бахшҳои тиҷорат, сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи мусоҳибон қарор гирифтанд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg