Мулоқоти Сафир дар Хадамоти Канслери федеролии Олмон

15.05.2024 16:16

14 майи соли 2024 Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомуддин Сатторов бо Сардори Раёсати равобити дуҷониба бо кишварҳои Аврупои Марказӣ, Шарқӣ ва Ҷанубу Шарқӣ, Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубии Хадамоти Канслери федеролӣ Александр Валлау мулоқот анҷом дод.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Олмон бар пояи мувофиқаҳое, ки моҳи сентябри соли 2023 дар Берлин зимни Вохӯрии якуми сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ ва Олмон” ҳосил шуданд, баррасӣ гардиданд.

Тарафҳо инчунин перомуни ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба ва иқдомҳои муштараки баъдӣ гуфтугӯ карданд. 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg