14 майи соли 2024 мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомуддин Сатторов бо Президенти Иттиҳодияи сайёҳии Олмон (DRV) Норберт Фибиг ҷиҳати баррасии густариши ҳамкориҳои муштарак дар соҳаи сайёҳӣ ва танзими сафари шиносоии ҳайати олмонӣ бо шумули намояндагони бахши сайёҳӣ , ширкатҳо ва гурӯҳи хабарнигорон ба Тоҷикистон баргузор гардид.
Бояд қайд кард, ки DRV ҳамчун Иттиҳодияи пешбари сайёҳии Олмон тамоми ташкилотҳои сайёҳиро фаро гирифта, тақрибан 90 фоизи даромади умумии бозори сайёҳии кишвари иқоматро ташкил медиҳад. Иттиҳодия ширкатҳои пешбари сайёҳӣ, ҳавопаймоӣ, роҳи оҳан, меҳмонхонаҳо ва дигар корпоратсияҳои тиҷоратии сайёҳиро ба ҳам муттаҳид мекунад.