Ҳамоиши ҳамватанон дар Олмон

13.05.2024 19:30

Бо ибтикори Сафорати Тоҷикистон дар Олмон ҳамоиши ҳаммеҳанони муқими кишвари иқомат таҳти унвони “Шоми дидор” баргузор гардид.

Дар ин чорабинӣ ҳамватанони бурунмарзии дорои касбу кори гуногун, аз ҷумла донишҷӯён, касбомӯзон, табибон, соҳибкорон, варзишгарон ва фаъолони диаспораҳо аз минтақаҳои мухталифи Олмон, инчунин Лаҳистон ва Чехия ширкат варзиданд.

Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомуддин Сатторов зимни суханронии худ таваҷҷуҳи ҷамъомадагонро ба аҳамияти тақвияти ваҳдати миллӣ дар шароити  печидаи ҷаҳони муосир, ҳифзу гиромидошти арзишҳои милливу фарҳангӣ, инчунин ба таври арзанда муаррифӣ намудани Ватану миллати хеш дар кишварҳои иқоматашон ҷалб намуд.

Дар ин росто таъкид гардид, ки бо талошҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари мо дар соҳаҳои мухталиф ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, боз ҳам ободу зеботар гардида истодааст.  

Бинобар ин, зимни суҳбат аз ҷавонону донишҷӯён даъват ба амал оварда шуд, ки ба омӯзиши фанновариҳои муосири диққати бештар дода, дар ободиву пешрафти Ватани худ ҳиссагузор бошанд.

Ҳамчунин эҳтироми қонуну қоидаҳои давлати будубош ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, аз ҷумла дар партави “Соли маърифати ҳуқуқӣ” қайд гардид.

Гуруҳе аз ҳамватанони фаъол барои саҳми арзандаашон дар тарғиби таъриху фарҳанги миллати куҳанбунёди тоҷик ва муттаҳидсозии ҳамватанон дар Олмону Лаҳистон бо сипосномаи Сафорат қадрдонӣ шуданд.

Дар фарҷоми маърака барои меҳмонон дастурхони миллӣ густурда шуд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg