Cафири Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов бо мудири ҳамкориҳои байналмилалии Иттиҳодияи федералии иқтисоди нерӯи офтобӣ (Bundesverband Solarwirtschaft e.V.) Давид Видепол ва мудири иҷроияи ширкати "Эклареон ГмбҲ" Кристоф Урбшат мулоқот доир намуд.
Дар рафти вохӯрӣ ба ҳамсуҳбатон маълумот оид ба зарфиятҳои фаровони манбаъҳои нерӯи барқароршавандаи кишвар пешниҳод гардида, ҳадафи табдили Тоҷикистон ба "кишвари сабз" то соли 2037 муаррифӣ шуд.
Зимни суҳбат Имомудин Сатторов бо ишора ба 300 рӯзҳои офотобии солона дар кишвар, қайд кард, ки Тоҷикистон барои рушди соҳаи тавлиди нерӯи барқи офтобӣ иқтидори бузург дорад. Дар ин росто, аз ҷониби олмонӣ барои баррасии имконияти фаъол гардонидани лоиҳаҳои тавлиди барқ аз нерӯи офтобӣ ва ба роҳ мондани робитаҳои корӣ бо ниҳодҳои тоҷикистонӣ ҷиҳати табодули таҷриба дар самти фотоволтаика даъват ба амал оварда шуд.
Боиси қайд аст, ки Иттиҳодияи “BSW Solar” соли 1979 бо номи Иттиҳодияи миёнаи саноати нерӯи офтобӣ созмон шуда, соли 1998 ба Иттиҳодияи тиҷоратии иқтисоди нерӯи офтобӣ табдил ёфт. Дар соли 2023 теъдоди аъзоёни BSW Solar ба 1000 нафар расидааст.