Тақвияти ҳамкориҳо бо Вазорати федеролии маориф ва тадқиқоти Олмон

12.04.2024 19:38

11 апрели соли 2024 сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомуддин Сатторов бо котиби давлатии Вазорати федеролии маориф ва тадқиқоти Олмон (BMBF) профессор, доктор Сабине Дёринг мулоқот анҷом дод.

Дар вохӯрӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Олмон дар соҳаҳои илм, маориф, инноватсия ва роҳҳои густариши баъдии онҳо баррасӣ шуданд.

Тарафҳо ҳамчунин вобаста ба роҳандозӣ ва татбиқи лоиҳаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва танзими чорабиниҳои муштарак табодули афкор намуданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg