9 апрели соли 2024 Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомуддин Сатторов бо муовини раиси Гуруҳи парлумонии “Олмон ва Осиёи Марказӣ”, вакили Бундестаги Олмон, узви Кумитаи корҳои хориҷӣ Манфред Грунд (CDU/CSU) вохӯрӣ намуд.
Тарафҳо доир ба масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷониба, тақвияти робитаҳои парлумонӣ ва дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳ мубодилаи афкор анҷом доданд.