Мулоқоти Сафир бо Ноиби аввали Президенти Донишгоҳи озоди Берлин

05.04.2024 17:25

3 апрели соли 2024 вохӯрии Cафири Тоҷикистон дар Олмон Имомуддин Сатторов бо Ноиби аввали Президенти Донишгоҳи озоди Берлин (Freie Universität Berlin) профессор, доктор Верена Блехингер-Талкотт баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо вобаста ба роҳандозии равобити мустақим байни муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Донишгоҳи озоди Берлин, инчунин имконияти таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин боргоҳи илм гуфтугӯ намуданд.

Ҳамчунин, барқарорсозии тамосҳои корӣ миёни олимону тадқиқотчиён ва пажӯҳишгарони риштаҳои мухталифи Донишгоҳи озоди Берлин бо ҳамтоёни тоҷикистонӣ ҷиҳати анҷом додани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, танзими чорабиниҳои муштарак ва мубодилаи донишҷӯён мавзуи дигар ҳамсуҳбатҳо буд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg