Ҷашнгирии Наврӯзи байналмилалӣ дар Ҳамбург

26.03.2024 16:27

22 марти соли 2024 дар шаҳри бандарии Ҳамбург бо ибтикори Фраксияи Ҳизби сотсиал-демократии Олмон дар ин минтақа (SPD-Fraktion Hamburg) ва Консулгари ифтихории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар музофотҳои федеролии Ҳамбург ва Шлезвиг-Ҳолштайн Наврӯзи байнимилалӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда шуд.

Дар чорабинии фарҳангӣ роҳбарони намояндагиҳои дипломатии кишварҳои ҳавзаи Наврӯз, консулгариҳои генералии мустақар дар Ҳамбург, ниҳодҳои давлатӣ, хабарнигорон, доираҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ, илмӣ-фарҳангӣ ва шумораи зиёди шаҳрвандони давлатҳои таҷлилкунандаи Наврӯз иштирок доштанд.

Сафорати Тоҷикистон дар толори бузурги шаҳрдории Ҳамбург гӯшаи фарҳангиро бо сабки хоси тоҷикона ва суннатҳои мардумӣ ороиш дода, зимни муаррифии он таваҷҷуҳи тамошобинон ба хусусиятҳои расму оинҳои наврӯзӣ дар Тоҷикистон ҷалб гардид.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg