16 марти соли 2024 дар шаҳри Берлин намояндагиҳои дипломатии кишварҳои ҳавзаи Наврӯз дар ҳамкории муштарак бо Иттиҳодияи дӯстони Осорхонаи этнологӣ ва ташкилоти Ҳамкориҳои байналмилалии фарҳангӣ ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукӯҳу шаҳомати хосса баргузор карданд.
Дар маҳфили наврӯзӣ нафарони расмии давлати иқомат, намояндагони корпуси дипломатӣ, шаҳрвандони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз ва ҳамватанони муқими Олмон ҳузур доштанд.
Дар таҷлили ҷашни бузурги аҷдодӣ Сафорати Тоҷикистон дар Олмон ғурфаи миллиро иборат аз маводи таҷассумгари фарҳангу таърих ва нигораҳои миллӣ ташкил кард, ки он дар маркази таваҷҷуҳи меҳмонони сершумор қарор гирифт.
Дар сухани шодбошӣ Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомуддин Сатторов аҳли толорро ба муносибати фарорасии Наврӯзи оламафрӯз табрик намуда, аз маҷмӯаи „Суханҳои ҳикматомӯзи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар васфи Ҷашни Наврӯз“ оид ба таърихи пайдоиш, сарчашмаҳои илмиву адабӣ, арзишҳои воло ва хусусиятҳои хоси ҷашнгирии он дар кишвари мо ба ҳозирин маълумот дод.
Ҳамчунин филми мустанад дар бораи зарфиятҳои сайёҳӣ, расму оин ва суннатҳои наврӯзӣ дар Тоҷикистон намоиш дода шуд.












