Иштироки Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии “ITB Berlin-2024”

07.03.2024 20:35

Рӯзҳои 5-7 марти соли 2024  дар шаҳри Берлин Намоишгоҳи байналмилалии “ITB Berlin” баргузор гардид, ки дар он зарфиятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва ҳунарҳои мардумӣ муаррифӣ карда шуданд.

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкории муштарак миёни  Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафорати  Тоҷикистон дар Олмон ва муҷтамеи намоишгоҳи “Messe Berlin” гӯшаи сайёҳии  кишвар дар масоҳати 64 метри мураббаъ ташкил карда шуд.

Дар гӯшаи Тоҷикистон маводи таблиғотии имкониятҳои сайёҳӣ, роҳнамо,  харитаҳо, варақаҳои иттилоотӣ, намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ ва дигар маълумоти мавриди таваҷҷуҳ пешкаши тамошобинон, дӯстдорони сайру саёҳат ва шарикони эҳтимолӣ гардиданд.

Дар ҳошияи намоишгоҳ вохӯриҳои роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳии назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи байналмилалии сайëҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо намояндагони ниҳодҳои марбутаи олмонӣ ва ширкатҳои сайёҳӣ аз кишварҳои мухталиф ҷиҳати роҳандозии ҳамкориҳои минбаъд баргузор шуданд.

Таоми миллии “Оши палов” ҳамчун мероси ғании фарҳангиву таърихии халқи тоҷик, ки ба Феҳристи ғайримоддии мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид шудааст, аз ҷониби ошпазҳои касбӣ омода ва пешкаши меҳмонони ITB гардид.

Бо мақсади муаррифии фарҳанги пурғановати миллати тоҷик доиранавоз Хайрулло Дадобоев бо навозиши ин асбоби миллии мусиқӣ табъи тамошобинонро болида гардонид.

Мутобиқи иттилои ташкилкунандагони чорабинӣ соли 2024 дар “ITB Berlin” ҳудуди 180 кишвар бо зиёда аз 10.000 намоишгарон гӯшаҳои алоҳидаи худро таъсис доданд.


Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg