20 феврали соли 2024 Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомуддин Сатторов ба музофоти федеролии Бранденбург сафари корӣ анҷом дод.
Сафири Тоҷикистонро дар доираи ин боздид муовини Сарвазир, Вазири иҷтимоӣ, тандурустӣ, ҳамгироӣ ва ҳифзи истеъмолкунандагони Бранденбург Урсула Нонненмахер ба ҳузур пазируфт.
Дар рафти вохӯрӣ ҳамсуҳбатҳо ҳавасмандии худро ба фаъолсозӣ ва таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар самтҳои мухталиф баён карданд.
Бо мақсади таҳкиму тавсеаи робитаҳои байнипарлумонӣ мулоқоти дигари Сафир бо ноиби Президенти Ландтаги (Парлумони устони федеролӣ) Бранденбург Барбара Рихтштайн доир гарид.
Дар вохӯрӣ бо Мудири иҷроияи Агентии рушди иқтисоди Бранденбург(WFBB) Себастиан Сауле роҷеъ ба роҳандозии ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои сармоягузорӣ, иқтисоду тиҷорат, саноат, нерӯи таҷдидпазир ва танзими чорабиниҳои муштарак табодули назар суратгирифт.
Ҳангоми боздид аз парки илмии ба номи Алберт Эйнштейн роҳбари намояндагии дипломатӣ бо Мудири иҷроияи Маркази Потсдам оид ба пажӯҳиши замини ба номи Ҳелмҳолтс (GFZ) профессор Сюзанне Буйтер гуфтугӯ намуд.
Роҳандозии ҳамкориҳои муштараки илмӣ-тадқиқотӣ, табодули таҷриба байни олимони тоҷику олмонӣ, инчунин рафти татбиқи ташаббуси Осиёи Марказии Сабз ва ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон доир ба ҳалли мушкилоти обу иқлим дар меҳвари суҳбат қарор доштанд.