Рӯзҳои 19-28 январи соли 2024 дар маркази намоишгоҳҳои Берлин “Messe Berlin” 88-умин Намоишгоҳи байналмилалии маҳсулоти кишоварзӣ “Ҳафтаи байналмилалии сабз” (International Green Week) баргузор мегардад.
Бо ибтикори Сафорати Тоҷикистон дар Олмон, даъвати Вазорати федеролии озуқа ва кишоварзии Олмон, ҳамчунин бо мусоидати Ҷамъияти ҳамкориҳои байналмилалии Олмон (GIZ) иштироки ҳайати Тоҷикистон дар намоишгоҳ таъмин гардид.
Ҳайати кишвар таҳти сарварии Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаким Қурбонзода, роҳбарияти вазорату идораҳои марбута ва намояндагони бахши хусусӣ дар ин чорабинӣ ширкат варзиданд.
18 январ бо даъвати Вазири федеролии озуқа ва кишоварзии Олмон Ҷем Ӯздемир ҳайати Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи расмии Форуми ҷаҳонӣ оид ба кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ (Global Forum for Food and Agriculture) ва Намоишгоҳи байналмилалии “Ҳафтаи сабз-2024” (IGW) иштирок намуд.
Дар гӯшаи миллии Тоҷикистон маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тозаи кишоварзӣ, саноати хӯрокворӣ, молу маҳсулоти ширкатҳои ватанӣ, ҳамчунин нигораҳо аз гӯшаҳои табиати афсункори кишварамон ва ҳунарҳои мардумӣ ба маърази тамошо гузошта шуданд.
Дар ҳошияи намоишгоҳ вохӯриҳои дуҷонибаи Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ, Хазинаи байналмилалии рушди кишоварзӣ (IFAD), Пажӯҳишгоҳи байналмилалии тадқиқоти сиёсати ғизо (IFPRI), ширкати олмонии “BayWa” ва дигар шахсони расмӣ танзим гардид.
20 январи соли равон дар Берлин таҳти роҳбарии Вазири федеролии озуқа ва кишоварзии Олмон Ҷем Ӯздемир 16-умин Конфронси вазирони кишоварзӣ зери унвони “Низомҳои озуқавории оянда: якҷоя барои ҷаҳони бидуни гуруснагӣ” баргузор гардид, ки дар он ҳудуди 65 вазирони кишоварзӣ ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ҳузур доштанд.
Аз натиҷаи Конфронс изҳорот (коммюнике) қабул карда шуд.
Барои маълумот: Намоишгоҳи мазкур соли 1926 таъсис ёфта, ҳамасола дар шаҳри Берлин таҳти унвони “Ҳафтаи байналмилалии сабз” баргузор мегардад.
Имсол “Ҳафтаи байналмилалии Сабз” маротибаи 88-ум бо масоҳати умумии беш аз 118000 метри мураббаъ доир шуда, дар он 1400 намоишгарон аз 61 кишварҳои мухталиф маҳсулоти гуногуни озуқаворӣ, ҳайвоноти хонагӣ, чорвои калон, мошинаҳои кишоварзӣ намоиш медиҳанд. Боздиди тақрибан 300000 тамошобин аз ин намоишгоҳ дар назар аст.