17 январи соли 2024 Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомуддин Сатторов бо муовини Дабири кулли Хадамоти Мубодилаи Академикии Олмон (DAAD) Михаэл Ҳармс мулоқот анҷом дод.
Дар ин вохӯрӣ ҳамчунин роҳбари Дафтари DAAD дар Берлин, собиқ роҳбари Маркази иттилооти Хадамоти Мубодилаи Академикии Олмон дар Тоҷикистон (солҳои 2005-2011) Кай Франке ҳузур дошт.
Масъалаҳои таҳкими омӯзиши забони олмонӣ дар Тоҷикистон, пешниҳоди бурсияҳои таҳсилӣ, табодули академӣ барои донишҷӯёни тоҷику олмонӣ дар донишгоҳҳои мухталифи кишварҳои ҳамдигар, инчунин густариши минбаъдаи робитаҳо байни DAAD ва муассисаҳои илмию таълимии Тоҷикистон дар меҳвари гуфтугӯи тарафҳо қарор дошт.