Форуми “ҳамкории энергетикӣ ва энергияи сабз”

29.11.2023 13:22

27 ноябри соли 2023 дар Сафорати Тоҷикистон ҳамоиши иқтисодӣ бахшида ба мавзӯи ҳамкории энергетикӣ ва энергияи сабз, бо иштироки доираҳои сиёсӣ ва иқтисодии Олмон, инчунин намояндагони корпуси дипломатӣ баргузор гардид.

Зимни ҳамоиш имкониятҳои густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни Тоҷикистон ва Олмон дар соҳаи энергияи сабз ва дурнамои тавсеаи онҳо муҳокима гардиданд.

Ба меҳмонон имкониятҳои васеи Тоҷикистон баҳри роҳандозии ҳамкорӣ дар соҳаи энрегияи барқароршаванда, бахусус гидроэнергетика муаррифӣ гардида, аҳамияти ҷалби сармояи мустақили хориҷӣ ва технологияи муосир дар густариши ҳамкориҳои судманди дуҷониба дар ин соҳа таъкид гардид.

Сафири Тоҷикистон даъват ба амал овард, то ширкатҳои энергетикии Олмон  барои дар амал татбиқ намудани таклифу пешниҳодҳое, ки зимни мулоқоти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон дар сиғаи С5+1 29 сентябри соли 2023 дар Берлин ироа гардиданд, иштирок намоянд.

photo-2023-11-29-09-55-22.jpg

photo-2023-11-29-09-55-23.jpg

photo-2023-11-29-10-18-21.jpg

photo-2023-11-29-10-21-30.jpg

photo-2023-11-29-09-55-22-2.jpg

 

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg