Мулоқот бо Мудири иҷроияи Кумитаи шарқии иқтисоди Олмон Михаэл Ҳармс

06.09.2023 18:54

6 сентябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мудири иҷроияи Кумитаи шарқии иқтисоди Олмон Михаэл Ҳармсро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсусан таъкид доштанд, ки муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳои мо дар заминаи принсипҳои эътимод, ҳамдигарфаҳмӣ ва робитаҳои барои тарафайн судманд асос ёфтаанд.

Ҷонибҳо ҳамкорӣ дар бахшҳои гидроэнергетика, саноат, кишоварзӣ, нақлиёт ва сайёҳиро барои ҳарду ҷониб судманд арзёбӣ карданд.

Ҳамчунин, соҳаҳои саноати сабуку нассоҷӣ, хурокворӣ, истихроҷу коркарди маъданҳои кӯҳӣ ва металлҳои нодир, мошинсозӣ, кимиё, фарматсевтика ва бунёди корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ самтҳои ояндадори ҳамкорӣ номида шуданд.

Роҳандозии ҳамкориҳои муассир дар самти ҷалби ҳарчи бештари сармояи олмонӣ, навовариҳо ва воридоти технологияи нав аз Олмон ба соҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон зарур шумурда шуд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба коркард ва содироти маҳсулоти кишоварзии аз лиҳози экологӣ тозаи Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Дар рафти мулоқот ҳамчунин ҷонибҳо рушди ҳамкории байнидавлатиро дар қолаби “Шарикии сармоягузории Тоҷикистону Олмон” мувофиқи мақсад шуморида, изҳори имтинон карданд, ки Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Олмон, ки дар шаҳри Душанбе дирӯз баргузор гардид, ба ин раванд мусоидати муассир хоҳад кард.

375163886-3440292172952686-3338066654258018955-n-1.jpg

375139307-3440292366286000-6981274668627559039-n.jpg

375196297-3440292292952674-4188181591301442625-n.jpg

375193248-3440292229619347-7183207718820451452-n.jpg

375177503-3440292449619325-9016801114952430222-n.jpg

376415958-3440292499619320-3599041845362722996-n.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg