Рӯзҳои 29-30 сентябри соли 2023 бо ибтикори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе форуми байналмилалии сармоягузории “Душанбе-инвест 2023” баргузор мешавад.
Ҳадафи форум муаррифии бештари зарфияту фазои мусоиди сармоягузории Тоҷикистон, ҷалби сармоя, роҳандозӣ ва тақвияти ҳамкориҳо байни ширкатҳои ватанӣ ва сармоягузорони хориҷӣ, ҳамчунин фароҳамсозии имкониятҳо барои рушди тиҷорати рақамӣ бо мақсади татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар маҳсуб меёбад.
Ба ин муносибат, аз сармоягузорон, намояндагони бахши хусусӣ ва доираҳои ҳавасманди олмонӣ ҷиҳати иштирок дар ин чорабинии муҳими иқтисодӣ ва бад-ин васила барқарор намудани робитаҳои мустақими корӣ даъват ба амал оварда мешавад.
Тафсилоти мавзӯъ зери пайванди https://dushanbeinvest.com/en қобили дарёфт мебошад.