19-20 июни соли 2023 дар Берлин бо ташаббуси Иттиҳодияи федеролии саноати Олмон (BDI) чорабинии анъанавии "Рӯзи саноат" доир гардид, ки дар он Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомуддин Сатторов иштирок намуд.
Рӯзи саноат конфронси солона буда, зимни он натиҷаҳо чамъбаст ва дурнамои рушди саноати кишвар барои давраҳои навбатӣ муайян карда мешавад.
Тайи ду рӯз сиёсатмадорон, вакилони парлумон, роҳбарони ниҳодҳои иқтисодиву молиявии Олмон, бахши хусусӣ, ҳайатҳои воломақоми хориҷӣ ва роҳбарони намояндагиҳои дипломатии муқими Берлин байни ҳамдигар табодули афкор анҷом доданд.
Президенти Иттиҳодияи федеролии саноати Олмон (BDI) Зигфрид Руссвурн, Канслери федеролии Олмон Олаф Шолтс, Вазири федеролии молия Кристиан Линднер, Вазири федеролии маориф ва тадқиқот Беттина Штарк-Ватсингер ва Вазири федеролии иқтисод ва ҳифзи иқлим, ноиби Канслер Роберт Ҳабек доир ба рушди минбаъдаи соҳаҳои мухталифи иқтисоду саноат, имкониятҳои нави сармоягузорӣ, ташаккули уфуқҳои нави ҳамкорӣ, андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати раҳоӣ аз буҳронҳо ва дигар мавзуъҳои қобили таваҷҷуҳ суханронӣ карданд.
Дар ҳошияи чорабинӣ вохӯриҳои Сафир Имомуддин Сатторов бо сиёсатмадорон, роҳбарони ширкатҳои саноатӣ ва сармоягузорон ҷиҳати роҳандозии ҳамкориҳои судманд бо Тоҷикистон сурат гирифтанд.