Дар давраи 17-25 июни соли 2023 дар шаҳри Берлин бозиҳои махсуси ҷаҳонии тобистонаи олимпӣ баргузор мешавад. Дар чорабинии байналмилалӣ ҳудуди 7000 варзишгарони риштаи варзиши сабуки дорои маълулияти рӯҳӣ ва норасоии шадиди зеҳнӣ аз 180 кишварҳои мухталиф дар 26 намуди варзиш иштирок хоҳанд кард.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Олимпиадаи махсуси Берлин 3 варзишгар намояндагӣ мекунанд. Онҳо дар рақобатҳо оид ба ду намуди варзиши сабук – давидан ва тенниси рӯйи миз иштирок менамоянд.
17 июни соли 2023 Президенти Федералии Олмон Франк-Валтер Штайнмайер дар ҳузури тақрибан 50.000 меҳмонон дар варзишгоҳи олимпии Берлин ба бозиҳо расман ҳусни оғоз бахшид.
Дар чорабинӣ ҳамчунин Канслери Федералии Олмон Олаф Шолтс, роҳбарони вазорату идораҳои марбута ва ҳайатҳои воломақоми кишварҳои хориҷӣ ширкат доштанд.
Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомуддин Сатторов, ки дар маросими расмӣ ҳузур дошт, варзишгарони тоҷикро ҳангоми гузашти умумӣ дар варзишгоҳи олимпии Берлин истиқбол карда, ба онҳо ҷиҳати иштирок дар сабқатҳо комёбиву музаффариятҳо таманно намуд.
Гурӯҳе аз тоҷикистониёни муқими Берлин ва аъзои оилаи дипломатҳои тоҷик низ барои мухлисии варзишгарони ҳамватани худ ба майдони варзишӣ омаданд.
Барои маълумот: Нахустин Бозиҳои махсуси ҷаҳонии тобистонаи олимпӣ соли 1968 дар Чикаго доир гардида, ҳамакнун мусобиқаҳо дар чор сол як маротиба дар кишварҳои мухталиф гузаронида мешаванд. Дар умум 5,2 миллион варзишгарон аз 174 кишварҳо ба ин ҷунбиш дохил ҳастанд.
Бозиҳои умумиҷаҳонӣ бузургтарин чорабинии бисёрсоҳавӣ дар Олмон пас аз Бозиҳои олимпии соли 1972 дар Мюнхен буда, маротибаи аввал дар Олмон баргузор мешавад.
Бозиҳои умумиҷаҳонӣ таваҷҷӯҳи бештарро ба татбиқи амалии Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи маъюбон ҷалб карда, имкони иштироки бештари маъюбонро дар ҳаёти иҷтимоӣ ва махсусан дар варзиш фароҳам меоварад.