Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомуддин Сатторов бо муассис ва президенти ширкати олмонии “Schneider Group” Улф Шнайдер мулоқот анҷом дод.
Аснои суҳбат ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои иқтисод ва сармоягузорӣ баррасӣ шуданд.
Ҳамзамон, тарафҳо дар бораи иқдомҳои муштараки баъдӣ мубодилаи афкор намуданд.
Барои маълумот: Schneider Group аз соли 2003 инҷониб бо хидматрасониҳои машваратӣ сармоягузоронро дар ҳама марҳилаҳои ташаккул ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ дастгирӣ намуда, зиёда аз 500 коршиносони варзидаро дар 12 кишвари ҷаҳон муттаҳид мекунад. Доираи хидматрасониҳои ширкат аз менеҷменти байналмилалии корпоративӣ, таҳлили бозор, машварати ҳуқуқӣ ва андоз, баҳисобгирии муҳосибӣ, идоракунии хавфҳо ва дигар бахшҳо иборат аст.