Иштироки Сафир дар „24-умин Ҳамоиши сайёҳӣ“ дар Берлин

23.05.2023 16:09

22 майи соли 2023 дар шаҳри Берлин бо ибтикори Иттиҳодияи федеролии саноати сайёҳии Олмон (BTW) „24-умин Ҳамоиши сайёҳӣ” баргузор гардид, ки дар он Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомуддин Сатторов иштирок намуд.

Чорабиниро бо сухани муқаддимавӣ Мудири кулли Иттиҳодияи федеролии саноати сайёҳии Олмон (BTW) Свен Либерт ва Президенти ниҳоди мазкур Зёрен Ҳартманн ҳусни оғоз бахшиданд.

Сипас, ноиби Канслери федеролӣ, Вазири федеролии иқтисод ва ҳифзи иқлими Олмон Роберт Ҳабек дар мавзӯи “Талаботҳои сиёсӣ дар мавриди саноати сайёҳии қавию боэътимод дар оянда”, Вазири федеролии меҳнат ва масъалаҳои иҷтимоӣ Ҳубертус Ҳайл оид ба “Таъмини меҳмоннавозӣ, ҳаракат ва рағбати сафар”, ҳамчунин Вазири федеролии рақамикунонӣ ва нақлиёт Фолкер Виссинг дар хусуси “Рақамикунонӣ, зудамалӣ ва зерсохтори сайёҳии оянда” баромад карданд.

Дар ҳамоиш ҳудуди 350 нафар иштироккунандагон масъалаи „Дар соҳаи сайёҳӣ ҳам нуқтаи гардиш ба амал меояд?”-ро мавриди муҳокима қарор доданд, ки устуворӣ, рақамисозӣ ва нарасидани мутахассисон мавзӯъҳои асосӣ ба шумор рафтанд.

Имомуддин Сатторов дар доираи ин чорабинӣ бо Президенти Иттиҳодияи сайёҳони Олмон (DRV) Норберт Фибиг гуфтугӯ намуд.

Аснои вохӯрӣ тарафҳо роҷеъ ба танзими сафари шиносоии намояндагони бахши сайёҳии Олмон, ширкатҳо ва гурӯҳи хабарнигорон ба Тоҷикистон тавофуқ ҳосил карданд.

348897902-565532218976249-5493308145317642688-n.jpg

348866987-810968893788491-4926360142480920498-n.jpg

348828045-1263253154550565-4690490131405012947-n.jpg

348630574-679396450663416-3036027878276314540-n.jpg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg