17 майи соли 2023 дар Берлин таҳти роҳбарии муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода ва ваколатдори Вазорати федеролии корҳои хориҷии Олмон доир ба ҳамкорӣ бо кишварҳои Аврупои Шарқӣ, Қафқоз ва Осиёи Марказии Вазорати федеролии корҳои хориҷии Олмон Маттиас Люттенберг даври навбатии машваратҳои сиёсӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон доир шуданд.
Дар чорабинӣ ҳамчунин Роҳбари бахши сиёсии Вазорати федеролии корҳои хориҷии Олмон хонум Тйорвен Беллманн ва Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомуддин Сатторов иштирок доштанд.
Зимни музокирот мусоҳибон вобаста ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни Тоҷикистону Олмонро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисоду тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, илму фарҳанг ва амниятӣ табодули афкори созанда анҷом доданд.
Ҳамчунин, мушорикат дар доираи созмонҳои байналмилию минтақавӣ дар меҳвари гуфтугӯи ҳайатҳо қарор дошт.
Мулоқот дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум сурат гирифт.