Иштирок дар “Шоми дарҳои бози консулгариҳо-2023”

11.05.2023 17:51

9 майи соли 2023 дар шаҳри бандарии Ҳамбург чорабинии анъанавии “Шоми дарҳои кушодаи консулгариҳо” баргузор шуд.

Дар ин маърака, ки дар бинои Консулгарии фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар музофотҳои федеролии Ҳамбург ва Шлезвиг-Ҳолштайн танзим гардид, намояндагони мақомоти расмӣ, муассисаҳои консулии муқими Ҳамбург, сиёсатмадорон, доираҳои соҳибкорон, ширкатҳои олмонӣ, хабарнигорон, гуруҳи шаҳрвандони тоҷикистонӣ ва сокинони ҳавасмандӣ маҳаллӣ ҳузур доштанд.

Маросими расмии “Шоми дарҳои бози консулгариҳо 2023” бо сухани муқаддимавии Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомуддин Сатторов ва Консули фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар музофотҳои федеролии Ҳамбург ва Шлезвиг-Ҳолштайн Куруш Пуркиён оғоз гардид.

Сафири Тоҷикистон ба ҳозирин дар бораи иқтидори иқтисодии кишвар, имконот ва дурнамои рушди ҳамкориҳо байни Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сармоягузорӣ, канданиҳои фоиданок, нерӯи таҷдипазир ва сайёҳӣ маълумот дода, дар ин замина ҷиҳати роҳандозии ҳамкориҳои мутақобилан судманд даъват ба амал овард.

Ҳамчунин, меҳмонон зимни маърӯзаи атташеи тиҷоратии Сафорат Исматулло Давлатзода бо имконоту зарфиятҳои сайёҳии Тоҷикистон ошноӣ пайдо карданд.

Чорабинӣ бо саволу ҷавоб ба поён расида, дар рафти он иштирокдорон имкон доштанд, то вобаста ба мавзӯъҳои гуногун посухҳои мушаххас дарёфт намоянд.

photo-5393479017191033424-y-1.jpg

photo-5397810663507741538-y.jpg

photo-5397815637079869161-y.jpg

photo-5397810663507741541-y.jpg

photo-5397810663507741540-y.jpg

photo-5393479017191033445-y-1.jpg

photo-5397810663507741546-y.jpg

 

 

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg