Муаррифии имкониятҳои сайёҳии кишвар дар филми таблиғотии “Тоҷикистон - алмоси дурахшон”

10.03.2023 10:33

Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии “ITB-Berlin”, ки рӯзҳои 7-9 марти соли 2023 дар муҷтамеи намоишгоҳи “Messe Berlin” баргузор мегардад, имконият ва зарфиятҳои сайёҳии Тоҷикистон низ муаррифӣ хоҳанд шуд.

Дар ҳошияи ин чорабинӣ тақвияти робитаҳои корӣ байни ширкатҳои сайёҳии ватанӣ бо шарикони хориҷӣ ва баимзорасонии қарордодҳои нави ҳамкорӣ ба нақша гирифта шудааст.

Бояд қайд кард, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи сайёҳӣ таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир намуда, барои рушди минбаъдаи он заминаҳои заруриро фароҳам овардааст.

Дар ин робита, тобистони соли 2022 бо ташаббуси Сафорати Тоҷикистон дар Олмон ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷӣ ва Кумитаи рушди сайёҳӣ филми таблиғотӣ зери унвони “Тоҷикистон – алмоси дурахшон” дар бораи имкониятҳои сайёҳии кишвари мо ба навор гирифта шуд.

Филм аз ҷониби собиқ Сафири Олмон дар Тоҷикистон Маттиас Майер (солҳои 1997-2000) ва филмбардори олмонӣ, мудири эҷодии ширкати “Art-In-Motion” Ҳаралд фон Виковски таҳия гардид.

Дар ин филм Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои таърихи бою пурғановат, мардуми меҳмоннавоз, табиати нотакрору кашфношуда, кӯҳҳои сарбафалаккашида, олами набототу ҳайвонот, ёдгориҳои бостонӣ, сарзамини ҷаззоб ва беҳтарин макони сайру саёҳат барои гардишгарони хориҷӣ таҷассум ёфтааст.

 

 

 

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg