1 декабри соли 2022 дар шаҳри Лодзи Лаҳистон дар ҳошияи иҷлоси 29-уми Шӯрои вазирони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) мулоқоти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон барпо гардид.
Зимни ҷаласа иштирокчиён як қатор масъалаҳоро, аз ҷумла рушди муносибатҳои ҳамаҷониба байни Аврупо ва Осиёи Марказӣ, масъалаҳои обу иқлим, рушди иқтисод, маориф, муҳити зист ва мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои умумиро мавриди муҳокима қарор доданд.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон С. Муҳриддин ҳамчунин аз таъсири тағйирёбии иқлим ба дастрасӣ ба об ва аҳаммияти ташаббуси навбатии Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ёдрас шуд.