25 ноябри соли 2022 Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов бо даъвати муштараки вакили Бундестаг (CDU/CSU), муовини Раиси Гурӯҳи байнипарлумонии “Олмон ва Осиёи Марказӣ” Манфред Грунд ва роҳбари федеролии Иттиҳодияҳои хурду миёна ва иқтисодӣ, вакили Бундестаг хонум Гитта Коннеманн (CDU) дар 30-юмин маъаракаи анъанавии Иттиҳодияҳои хурду миёна ва иқтисодӣ (MIT), ки дар шаҳри Айхсфелди музофоти федеролии Тюрингияи Шимолӣ баргузор гардид, иштирок намуд.
Дар ин нишаст сиёсатмадорон, вакилони парлумон, доираҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, соҳибкорон, роҳбарияту аъзои Иттиҳодияҳои хурду миёна ва иқтисодӣ (MIT), намояндагони ширкатҳои олмонӣ ва хабарнигорон иштирок доштанд.
Сафири Тоҷикистон зимни суханронӣ ба ҳозирин дар бораи вазъи сиёсиву иқтисодии кишвар, чораҳои андешидаи Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати беҳтарсозии фазои сармоягузориву соҳибкорӣ, самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла энергетика, саноат, канданиҳои фоиданок ва кишоварзӣ маълумоти муфассал дод.
Имомудин Сатторов бо назардошти зарфиятҳои мавҷудаи иқтисодиву сармоягузории кишвар, роҳандозии ҳамкориҳои минбаъдаро бо доираи мухталифи музофоти Тюрингияи Шимолӣ мувофиқи мақсад донист.
Ҳамчунин ба рушди муносибатҳои мутақобилан судманд байни Тоҷикистону Олмон, ки соли равон 30-солагии истиқрори робитаҳои дипломатӣ таҷлил гардид, тамаркуз карда шуд.
Дар идома ҷамъомадагон бо имкониятҳои сайёҳӣ ва фарҳанги пурғановати мардуми тоҷик шинос гардида, ба онҳо филми таблиғотӣ дар бораи Тоҷикистон пешкаш карда шуд.