Боздиди ҳайати Тоҷикистон аз Олмон

24.11.2022 13:25

Шуруъ аз 21 ноябри соли 2022 ҳайати расмии кишвар таҳти роҳбарии Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид аз Ҷумҳурии Федеративии Олмон боздид намуда истодааст.

Муовини якуми Сарвазирро дар ин сафар Вазири саноат ва технологияҳои нав, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идори амволи давлатӣ, Раиси Бонки миллӣ, муовини Вазири корҳои хориҷӣ, муовини Вазири молия, сардори Раёсати банақшагирии стратегии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси Палатаи савдо ва саноат ҳамроҳӣ менамоянд. Ҳамчунин, намояндагони бонкҳои давлативу тиҷоратӣ, бахши хусусӣ ва соҳибкорони ватанӣ ба ин ҳайат шомиланд.

Дар рафти сафар иштирок дар муколамаи сиёсиву иқтисодӣ бо роҳбарияти мақомоти давлатӣ, баргузории форуми тиҷоратии Тоҷикистону Олмон, боздид аз музофотҳои федеролӣ ва ҳамчунин корхонаҳои саноативу истеҳсолӣ пешбинӣ шудааст.

 

316551529-3235902393391666-4041035505935026455-n.jpg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg