Рӯзҳои 15-18 ноябри соли 2022 дар шаҳри Берлин 8-умин Анҷумани умумиҷаҳонӣ бар зидди ҳукми қатл баргузор мегардад. Ҳайати кишварро дар ин нишаст Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён ва Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода муаррифӣ мекунанд.
Дар чорабинӣ иштироки вазирони корҳои хориҷӣ ва адлияи кишварҳои мухталиф, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, созмонҳои байналмилалӣ, фаъолон ва хабарнигорон ба нақша гирифта шудааст.
15 ноябри соли равон дар маросими ифтитоҳ Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён суханронӣ карда, таваҷҷуҳи ҳозиринро аз дастовардҳои кишвар дар самти гуманизатсияи қонунгузории ҷиноӣ пас аз эълони мораторий дар бораи ҳукми қатл аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2004 ва ҷорисозии механизмҳои лағви ҳукми қатл дар кишвар ҷалб намуд.
Вазири федеролии корҳои хориҷии Олмон хонум Анналена Бербок роҳбарони ҳайатҳо, аз ҷумла Тоҷикистонро пазироӣ намуд.