12 ноябри соли 2022 дар шаҳри Берлин Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Конститутсия, 30-умин солгарди Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Парчами давлатӣ чорабинии тантанивиро бо ҳузури шаҳрвандони тоҷикистонии муқими Олмон баргузор намуд.
Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов ҷамъомадагонро бо ин ҷашнҳои фархунда таҳният гуфта, изҳор дошт, кишвари мо тайи 31 соли Истиқлол зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарор намудани сулҳу суботи комил ва ваҳдату пойдории миллӣ гомҳои устувор бардоштааст.
Дипломати тоҷикистонӣ қайд кард, ки Конститутсия ва Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бақову тантанаи истиқлоли кишвари мо, фазои сулҳу оромӣ ва заминасозии давлатдории муосири миллӣ саҳми муносиб гузоштаанд. Бинобар ин, аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки ҳамеша худшиносу худогоҳ ва дар роҳи ҳифзу ҳимояи Истиқлоли давлатӣ ва ваҳдату якпорчагӣ ҳушёру зирак бошанд.
Ҳамзамон, дар бораи рамзи муқаддас - Парчами давлатӣ ва рисолати парчамдории миллати куҳанбунёду сарбаланди тоҷик ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рӯзи муайянкунандаи рушди бомароми кишвар маълумот пешниҳод гардид.
Дар рафти чорабинӣ филми мустанад оид дастовардҳои муҳими мардуми тоҷик дар роҳи бунёд ва тақвияти давлатдорӣ намоиш дода шуд.