Табодули андеша бо вакили Бундестаги Олмон

10.11.2022 10:17

9 ноябри соли 2022 Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов бо вакили Бундестаги Олмон аз фраксияи Иттиҳоди Ҳизби масеҳӣ – демократӣ ва Ҳизби масеҳӣ – иҷтимоии Олмон  (CDU/CSU) ва муовини Раиси Гурӯҳи байнипарлумонии “Олмон ва Осиёи Марказӣ” Манфред Грунд мулоқот анҷом дод.  

Ҳамсуҳбатон роҷеъ ба густариши минбаъдаи муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Олмон табодули андеша намуда, нақши дипломатияи парлумониро дар таҳкими  робитаҳои судманди байнидавлатӣ муҳим донистанд. 

Ҳамзамон тарафҳо барои танзими чорабиниҳои муштарак ҷиҳати муаррифии ҳарчи бештари Тоҷикистон дар устонҳои федеролии Олмон тавофуқ ҳосил карданд. 

 

IMG-20221109-WA0011.jpg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg