Намоиши филми “Бародар” (Братан) дар синамоҷашнвораи Котбус

03.11.2022 18:00

 

10 ноябри соли 2022 филми ҳунарии “Бародар”-и (Братан) коргардони машҳури тоҷик Бахтиёр Худойназаров дар синамоҷашнвораи Котбус (Film Festival Cottbus) барои доираи васеи алоқамандони синамо намоиш дода мешавад.

Филми “Бародар” истеҳсоли "Тоҷикфилм" соли 1991 ба навор гирифташуда, муҳтавои он саргузашти ду бародар - Фаррух ва Азаматро, ки тавассути қатора ба ҷустуҷӯи падарашон мераванд, инъикос мекунад.

Падари онҳо солҳои тӯлонӣ тарки оила намудааст. Бародарон савори қатора теппаву домани кӯҳҳо ва шаҳру деҳотро тай карда, ниҳоятан падарашонро вомехӯранд.

Филм чанде қабл аз ҷониби коргардони олмонӣ Фейт Ҳелмер аз нав таҷдид гардида, дар 79-умин синамоҷашнвораи байналмилалии “Venice Classic” дар Венетсия (31 август-10 сентябри соли 2022) намоиш дода шуд.

Film Festival Cottbus (FFC) ҳамчун синамоҷашнвораи байналмилалии филмҳои Аврупои Шарқӣ соли 1991 таъсис ёфтааст. Ҷашнвораи имсолаи Котбус 8 то 13 ноябри соли 2022 баргузор мешавад.

Маълумоти бештар дар бораи филм дар пайванди зерин қобили дарёфт мебошад:

https://www.filmfestivalcottbus.de/.../movie/2254.html

 

1-Bratan.jpeg

 

2-Bratan.jpg

 

 

 

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg