Даъвати сармоягузорон ва ширкатҳои олмонӣ барои ҳамкориҳои фаъол бо Тоҷикистон

10.10.2022 17:05

Бо мақсади тақвияти ҳарчи бештари ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ 7 октябри соли 2022 бо ибтикори муштараки Сафорати Тоҷикистон дар Берлин ва Иттиҳодияи федеролии рушди иқтисод ва савдои берунии Олмон (BWA)  чорабинии муаррифӣ барои доираи сармоягузорони эҳтимолӣ, ширкатҳои мухталифи олмонӣ, коршиносони минтақа ва рӯзноманигорон танзим карда шуд.

Дар доираи ин нишаст иштирокчиён бо иқтидору имкониятҳои иқтисоди Тоҷикистон дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, энергетика, хизматрасонӣ, сайёҳӣ, логистикӣ ва дигар самтҳо ошно шуда, таваҷҷуҳи онҳо ба лоиҳаҳои  дар бахшҳои мухталиф татбиқшаванда ва низоми кафолати сармоягузорӣ дар кишвари мо ҷалб гардид. 

Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов изҳор дошт, ки иқтидори иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва тиҷоратии Тоҷикистон ҳанӯз пурра истифода нашуда, имконоти фароху фаровони вусъат бахшидан ба фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузориро доро мебошад. Бинобар ин, Тоҷикистон ба ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ, фанновариҳои муосир аз Олмон ҷиҳати истифодаи зарфиатҳои мавҷуда, коркарди маҳсулоти мухталифи саноатӣ ва бад-ин васила рушди иқтисоди миллӣ манфиатдор аст.

Дар ин замина аз ҳозирин даъват ба амал оварда шуд, ки дар рушду тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Олмон саҳмгузор бошанд.

Мудири федеролии Иттиҳодияи федеролии рушди иқтисод ва савдои берунии Олмон (BWA) Урс Ункауф таъкид намуд, ки рағбати доираҳои мухталифи олмонӣ барои роҳандозии ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Тоҷикистон зиёд буда, ниҳоди ӯ барои пешбурди ин иқдом мусоидат хоҳад намуд.

Дар анҷоми чорабинӣ иштироккунандагон  ба саволҳои сершумори худ дар хусуси имкониятҳои роҳандозии ҳамкориҳои баъдӣ, шарту шароит ва заминаҳои ҳуқуқии сармоягузорӣ, ҳамчунин вазъи кунунии минтақа ва дигар мавзӯъҳо посухҳои мушаххас гирифтанд.

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg