Муаррифии ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар Берлин

26.09.2022 10:07

20 сентябри соли 2022 Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов дар “Шоми парлумонии Иттиҳодияи ғайридавлатии ҳифзи табиати Олмон - NABU” бахшида ба 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Олмон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар ин чорабинӣ намояндагони вазорату идораҳои марбутаи Олмон, сафирони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон, вакилони Бундестаг, ташкилотҳо дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва ҳайвоноти нодир, ҳамчунин доираи хабарнигорон ҳузур доштанд.

Имомудин Сатторов ба ҷамъомадагон дар бораи ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар самти об ва ҳифзи пиряхҳо, аз ҷумла Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”, Конфронси оби соли 2023, эълони соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, эъломи Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ва аҳамияти мубрами таъсиси Хазинаи байналмилалии пиряхҳо маълумоти муфассал дод.

Ҳамчунин ба раванди татбиқи ташаббуси минтақавии Олмон - “Осиёи Марказии сабз”, дурнамои ҳамкориҳо бо Иттиҳодияи ғайридавлатии ҳифзи табиати Олмон (NABU) ва рушди иқтисоди сабз дар Тоҷикистон тамаркуз карда шуд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg