Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Марокаш

24.09.2022 19:26

Дар ҳошияи иҷлоси 77-уми Маҷмаи Умумии СММ вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷӣ, ҳамкории африқоӣ ва марокашиҳои муқими бурунмарзӣ Подшоҳии Марокаш Носир Бурита вохӯрӣ намуд.

Вазирон вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба, инчунин ҳамкориҳои ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалиро баррасӣ карданд. Ҷонибҳо ҳавасмандии худро роҷеъ ба таҳкими равобити дуҷонибаи сиёсӣ, тиҷоратӣ ва иқтисодӣ, аз ҷумла рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ ва маориф таъкид намуданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Подшоҳии Марокаш оид ба лағви раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ ва хидматиро ба имзо расониданд.

Дар асоси созишномаи мазкур шаҳрвандони давлатҳои Тарафҳо, ки дорандагони шиносномаҳои боэътибори дипломатӣ ва хидматӣ мебошанд, аз муқаррароти раводид барои вуруд, хуруҷ, транзит ва иқомат дар ҳудуди Тарафи дигар ба мӯҳлати 30 (си) рӯз аз санаи ворид шудан озод мебошанд.

Созишномаи мазкур пас аз гузаштани 30 (сӣ) рӯзи тақвимӣ аз санаи гирифтани огоҳиномаи охирини хаттӣ дар бораи аз ҷониби Тарафҳо иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатие, ки барои эътибор пайдо кардани он зарур аст, эътибор пайдо мекунад.

24-09-2022-22-00.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg