Мулоқоти вазир бо вазири корҳои хориҷии Венесуэла

24.09.2022 17:30

23 сентябри соли 2022 дар ҳошияи иҷлоси 77-уми Маҷмаи Умумии СММ дар Ню-Йорк вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Боливариании Венесуэла Карлос Фария мулоқот анҷом дод.

Зимни суҳбат ҷонибҳо перомуни ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Венесуэла ва масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳ табодули афкор намуданд.

Пас аз мулоқот Созишнома оид ба лағви раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Боливариании Венесуэла ба имзо расид.

Дар асоси созишномаи баимзорасида шаҳрвандони яке аз Тарафҳо, ки дорандаи шиносномаи амалкунандаи дипломатӣ ва хизматӣ мебошанд, аз талаботи раводиди вуруд, хуруҷ ва транзит тавассути қаламрави Тарафи дигар ба мӯҳлати на зиёда аз навад (90) рӯз аз таърихи вуруд озод мебошанд.

Созишномаи мазкур баъд аз 30 рӯзи гирифтани огоҳиномаи хаттии Тарафҳо тавассути роҳҳои дипломатӣ дар бораи анҷом ёфтани тамоми расмиёти дохилидавлатӣ, ки барои эътибор пайдо кардани он зарур аст, эътибор пайдо мекунад.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg