Таҷлили 31-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ дар Берлин

14.09.2022 19:38

13 сентябри соли 2022 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон ба ифтихори 31-умин солгарди ҷашни Истиқлоли давлатӣ пазироии расмӣ  баргузор намуд.

Дар чорабинии идона намояндагони мақомоти давлатии Олмон, вакилони Бундестаг, муассисаҳои илмӣ-фарҳангӣ, иттиҳодияҳои соҳибкорӣ, ширкатҳои олмонӣ, роҳбарони корпуси дипломатии муқими Берлин, васоити ахбори омма, ҳамчунин ҷамъе аз ҳаммеҳанони бурунмарзӣ иштирок доштанд.

Дар суханони шодбоши худ Сафири Тоҷикистон дар Олмон  Имомудин Сатторов муҳимтарин дастовардҳои кишварро, ки тайи  31 соли Истиқлол бо роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба амал омаданд, таъкид кард. Дар ин давра Тоҷикистон дар самти бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ ба комёбиҳои назаррас ноил гардида, дар партави “сиëсати дарҳои боз” бо кишварҳои мухталифи дунë робитаҳои дипломатӣ истиқрор намуд.

Ҳамзамон, таваҷҷуҳи ҷамъомадагон ба ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар самти об ва ҳифзи пиряхҳо, хосатан моҳияти Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”, эълони соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, эъломи Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ва аҳамияти мубрами таъсиси Хазинаи байналмилалии пиряхҳо ҷалб кард.

Дар фароварди суханронӣ Сафири кишвар аз шарикони олмонӣ ва иштироккунандагон даъват ба амал овард, ки барои таҳкими ҳамкориҳои судбахш дар соҳаи иқтисод ва сармоягузорӣ фаъолона ширкат намоянд.

Бо мақсади муаррифии фарҳанги пурғановати тоҷикӣ доиранавози олмонӣ хонум Ута Шиллинг ҳамроҳ бо доиранавози тоҷик Хайрулло Дадобоев бо навозиши ин асбоби миллии мусиқӣ табъи ҷамъомадагонро болида гардониданд.

Баъд аз анҷоми қисмати расмӣ ба меҳмонон дастурхони пурнозу неъмати тоҷикӣ ороста шуд.

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg