Баррасии ҳолати кунунии ҳамкориҳо бо ширкати “Andritz Hydro”

01.09.2022 19:02

Дар мулоқоти Сафири Тоҷикистон Имомудин Сатторов бо Ноиби Президенти ширкати олмонӣ-австриягии “Andritz Hydro” дар умури кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Қафқози Ҷанубии Норберт Швартс вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо дар бунёду барқарорсозии лоиҳаҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон баррасӣ шуданд.

Аснои гуфтугӯ тарафҳо оид ба рушди ҳамкориҳои баъдӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, манбаъҳои энергияҳои таҷдидпазир ва бунёди неругоҳҳои хурду миёнаи барқи обӣ мубодилаи афкор карданд.

Барои маълумот: Andritz Hydro яке аз ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ оид ба истеҳсоли таҷҳизоти электромеханикии неругоҳҳои барқи обӣ, таҷдиду навсозӣ ва баланд бардоштани иқтидорҳои агрегатҳои неругоҳҳои барқи обӣ, пойгоҳҳои обкашӣ ва турбогенераторҳо ба шумор меравад.

Ширкат бо таҷрибаи 175-солаи худ ҳудуди 31 ҳазор турбинаҳоро бо иқтидори умумии 430 ҳазор МВт истеҳсол ва ба муштариёни худ таҳвил додааст. Andritz Hydro дар 40 кишварҳои ҷаҳон 280 намояндагӣ ва 27.400 корманд дорад.Schwarz.jpg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg