Сафорати Тоҷикистон дар Олмон Вебинар вобаста ба муҳити зист ва обу энергетика баргузор намуд

29.08.2022 19:04

29 августи соли 2022 бо ибтикори муштараки Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон, Намояндагии Иқтисоди Олмон дар Осиёи Марказӣ (AHK), ҳамчунин Палатаи савдо ва саноати Олмон (DIHK)  вебинари маҷозӣ дар мавзӯи “Технологияҳои ҳифзи муҳити зист бо тамаркуз ба гидроэнергетика ва таъмини об” баргузор гардид.

Дар чорабинии фосилавӣ Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов, инчунин намояндагони вазорату идораҳои марбутаи кишвар иштирок ва бо маърӯзаҳои худ вобаста ба имкониятҳои фарохи ҳамкорӣ дар бахши иқтисод ва сармоягузорӣ суханронӣ карданд.  

 Ҳамзамон, намояндаи Сафорати Олмон дар Душанбе, масъулин аз Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (OECD), Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID), ширкатҳои „Andritz Hydro“, “Voith Hydro”, „Siemens Energy“, Агентии Олмон оид ба робитаҳои берунаи иқтисодӣ (Germany Trade & Invest) ва дигар доираҳои ҳавсманд ҳузур доштанд.

Имомудин Сатторов таъкид дошт, ки Тоҷикистон хостори густариши ҳарчи бештари равобит бо Олмон дар самти иқтисод ва сармоягузорӣ мебошад. Аз ин рӯ, тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаҳои гидроэнергетика, манбаъҳои энергияи таҷдидпазир ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ дар ин ҷода ҳамчун самтҳои ояндадор дониста мешаванд.

Яке аз самтҳои меҳварии ҳамкориҳои Тоҷикистону Олмон татбиқи муштараки ташаббуси нави олмонии “Осиёи Марказии Сабз” (Green Central Asia)  мебошад, ки ба рушди иқтисоди сабз, пешгирии оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва таъсири манфии он ба муҳити зист дар минтақа саҳмгузор хоҳад буд. Бинобар ин, Тоҷикистон ба ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ, технологияи муосир ва инноватсионӣ аз Олмон ҷиҳати коркарди захираҳои истифоданашудаи иқтисоди худ манфиатдор аст.

Дипломати тоҷикистонӣ дар фароварди суханронии худ аз иштирокдорон, мақомоти расмӣ ва ширкатҳои бонуфузи олмонӣ даъват ба амал овард, ки бо назардошти зарфиятҳои фаровон дар раванди татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон фаъолона иштирок намоянд.

Маърӯзакунандагон алоқамандии худро ба тавсеаи ҳамкориҳои минбаъдаи барои тарафҳо манфиатовар изҳор доштанд.

Вебинар бо табодули афкори созанда ҳусни анҷом пазируфт. 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg