Густариши ҳамкориҳо бо Иттиҳодияи ғайридавлатии ҳифзи табиати Олмон (NABU)

26.08.2022 15:24

Дар мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов бо мудири Раёсати байналмилалии Иттиҳодияи ғайридавлатии ҳифзи табиати Олмон (NABU) Томас Теннҳардт масъалаҳои марбут ба роҳандозии ҳамкориҳои баъдӣ дар самти  ҳифзи муҳити зист, олами наботот ва ҳайвонот, ҳамчунин пешгирии оқибатҳои тағйирёбии иқлим баррасӣ шуданд.

Ҳамчунин тарафҳо дар атрофи Рӯзномаи ҷаҳонии об ва ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаҳои обу ҳифзи пиряхҳо, аз ҷумла Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, дар бораи эълони соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, мушаххас намудани “Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо” ва таъсиси “Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” гуфтугӯи судманд анҷом доданд.

Дар ин робита, барои танзими чорабиниҳои муштарак бо мақсади муаррифии ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар Берлин тавофуқ ҳосил гардид.

NABU.jpg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg