18 августи соли 2022 Сафир Имомудин Сатторов бо Мудири иҷроияи Кумитаи шарқии иқтисоди Олмон Михаэл Ҳармс вохӯрӣ намуд.
Дар рафти гуфтугӯ масъалаҳои марбут ба рушди бемайлони робитаҳои иқтисодӣ, ҷалби бештари сармояи олмонӣ ва танзими чорабиниҳои муштараки тиҷоратӣ дар марҳилаҳои навбатӣ баррасӣ шуданд.
Тарафҳо роҷеъ ба табодули доимӣ ва идомаи ҳамкориҳои ҳасана байни Сафорат ва Кумитаи шарқии иқтисоди Олмон изҳори мувофиқат карданд.
Барои маълумот: Фаъолияти Кумитаи шарқии иқтисоди Олмон ҳамчун Иттиҳодияи олмонии иқтисоди хориҷӣ ба пешбурди муносибатҳои иқтисодӣ бо кишварҳои Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ, Аврупои Ҷанубу Шарқӣ, Қафқози Ҷанубӣ ва Осиёи Марказӣ нигаронида шудааст.