Тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Олмон

17.08.2022 17:56

17 августи соли 2022 Сафир Имомудин Сатторов бо Сардори Раёсати Аврупои Шарқӣ (ба истиснои Иттиҳоди Аврупо), Қафқози Ҷанубӣ ва Осиёи Марказии Вазорати федеролии иқтисод ва ҳифзи иқлими Олмон Зено Райхенбергер мулоқот намуд.

Дар меҳвари гуфтугӯ доираи васеи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва густариши робитаҳои минбаъда дар бахшҳои иқтисод ва сармоягузорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Тарафҳо азми худро ба тақвияти беш аз пеши равобити дуҷонибаи иқтисодӣ баён доштанд. 

IMG-20220817-WA0001.jpg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg