9 августи соли 2022 Сафир Имомудин Сатторов Сардори навтаъйини кишварҳои Қафқози Ҷанубӣ ва Осиёи Марказии Вазорати федеролии корҳои хориҷии Олмон Маттиас Фоллертро ба ҳузур пазируфт.
Тарафҳо аз рушди муносибатҳои ду кишвар изҳори қаноатмандӣ намуда, перомуни дурнамои густариши ҳамкориҳо байни Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои мухталиф табодули афкори созанда анҷом доданд.
Дар вохӯрӣ ҳамчунин дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми тарафайн ва вазъи байналмилалӣ баррасӣ шуданд.
Сафири Тоҷикистон Маттиас Фоллертро ба муносибати таъйин шуданаш ба ин вазифа табрик карда, дар фаъолияти минбаъдааш барору комёбӣ орзу намуд.
