Баргузории намоишгоҳ дар Вазорати федеролии корҳои хориҷии Олмон

02.06.2022 16:45

1 июни соли 2022 дар Вазорати федеролии корҳои хориҷии Олмон маросими ифтитоҳи намоишгоҳ зери унвони “Уфуқҳо” бахшида ба 30 солагии истиқрори робитаҳои дипломатӣ миёни Олмон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ” баргузор гардид, ки дар он сафирони кишварҳои минтақа ва ҳайати дипломатӣ иштирок доштанд.

Ваколатдори Вазорати федеролии корҳои хориҷии Олмон оид ба сиёсати фарҳангӣ хонум Ирмгард Мариа Феллнер ва ваколатдори Вазорати федеролии корҳои хориҷӣ доир ба ҳамкорӣ бо кишварҳои Аврупои Шарқӣ, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ Маттиас Люттенберг ба чорабинии фарҳангӣ бо ҳусни оғоз бахшиданд.

Дипломатҳои олмонӣ зимни суханронӣ дар бораи аҳамияти рушди робитаҳои  байнифарҳангӣ ҳамчун омили ба ҳам наздик кардани миллатҳо ва тақвияти беш аз пеши ҳамкориҳо дар ин самт таъкид доштанд. 

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин намоишгоҳ бо аксҳо ва маълумоти муфассал дар бораи таърихи ҳамкориҳои судманди дуҷониба бо Олмон, ҳамчунин татбиқи лоиҳаҳои мухталиф муштарак дар минтақаҳои кишвар дар соҳаҳои ҳифзи муҳити зист, нерӯи сабз, санъат ва фарҳанг муаррифӣ гардидааст.

Намоишгоҳ дар давраи аз 1 июн то 5 августи соли 2022 идома хоҳад ёфт.

​​​​​​​

​​​​​​​

​​​​​​​​​​​​​

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg