Хабар дар бораи роҳандозии парвози мустақим дар масири Душанбе-Мюнхен-Душанбе

01.06.2022 17:20

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон иттилоъ медиҳад, ки тибқи мувофиқаҳои қаблии бо ҷониби олмонӣ бадастомада, шуруъ аз 6 июни соли 2022 ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” парвозҳои мустақимро дар масири Душанбе-Мюнхен-Душанбе оғоз мекунад.

Айни замон парвозҳо ҳафтае як маротиба, яъне рӯзи душанбе сурат гирифта, вақти парвоз аз Душанбе соати 06:00 ва аз Мюнхен 11:30 бо вақти маҳаллӣ тариқи ҳавопаймоҳои “Boeing 737-900” ба нақша гирифта шудааст.

Тафсилоти мавзӯъ дар хусуси тарофаҳо ва шарту шароити ҳамлу нақл дар сомонаи ширкат www.somonair.com қобили дарёфт мебошад.

somon-air-jpg-01.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg