4 майи соли 2022 Сафир Имомудин Сатторов ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои минбаъда бо мудири намоишгоҳи байналмилалии “Ҳафтаи Сабзи Берлин” (Grüne Woche Berlin) Ларс Йегер мулоқот анҷом дод.
Тарафҳо зимни гуфтугӯ мавзӯи иштироки ҳайати Тоҷикистонро дар намоишгоҳи навбатӣ, ки баргузории он 20-29 январи соли 2023 дар шаҳри Берлин дар назар аст, мавриди баррасӣ қарор доданд.
Тавассути иштирок дар “Ҳафтаи Сабзи Берлин” барои таблиғи бештари намунаи маҳсулоти кишоварзӣ, хӯрокҳои миллӣ, истеҳсолоти корхонаҳои саноатӣ ва ҳунарҳои дастӣ, ки расму анъанаҳои мардуми тоҷикро таҷассум мекунанд, шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.
“Ҳафтаи Сабзи Берлин” аз соли 1926 инҷониб ҳамчун майдони муҳими муаррифии молу маҳсулот ва дастовардҳои соҳаи кишоварзии кишварҳои мухталиф, мубодилаи таҷриба байни истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ ва пайдо кардани доираи шарикони эҳтимолӣ ба ҳисоб меравад.
