Тақвияти ҳамкориҳо бо ниҳодҳои молиявии Олмон

04.04.2022 10:06

Рӯзҳои 1-2 апрели соли 2022 дар шаҳри Франкфурти лаби Майн вохӯриҳои ҳайати Тоҷикистон бо намояндагони ниҳодҳои молиявӣ ва бонкҳои тиҷоратӣ баргузор гардид, ки дар он роҷеъ ба вусъати минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ миёни бонкҳо ва ширкатҳои лизингии олмонӣ гуфтугӯи судманд сурат гирифт.

Дар баробари шиносоӣ аз барномаву хидматрасониҳои бонкӣ ва ширкатҳои лизингӣ, ҳамчунин як қатор масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои баъдӣ мавриди баррасии тарафҳо қарор дода шуданд.

Зимни мулоқот ҳайати кишвар илова ба шарҳи муфассали пешгӯиҳои иқтисодӣ ва вазъи кунунии молиявии Тоҷикистон, таваҷҷуҳи ҳамтоёни олмониро дар бораи дастовардҳои асосии иқтисодӣ, имкониятҳои сармоягузорӣ ва қонунгузории танзимкунандаи фаъолияти сармоягузорон ҷалб намуд.

Дар поёни вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои тавсеаи робитаҳои корӣ ва татбиқи нақшаҳои дар аснои суҳбат ҳосилшуда, иброз намуданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg