Парламент

04.08.2020 15:03

19037534-303.jpg      Маҷлиси Олӣ (Парлумони Миллӣ)

    Маҷлиси Олӣ - Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон - мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Маҷлиси Олӣ аз ду палата - Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иборат аст. Қарор дар бораи таъсиси парлумони дупалатагӣ дар раъйпурсии моҳи сентябри соли 1999 қабул шудааст. Аввалин интихоботҳо ба парлумони дупалатагӣ моҳҳои феврал ва марти соли 2000 баргузор шуда буданд. Ҳамин тавр, парлумони Тоҷикистон аз Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иборат аст.

Маҷлиси намояндагон (Палатаи поёнии парлумон)

"Маҷлиси намояндагон", чунон ки дар Сарқонуни Тоҷикистон сабт шудааст, бо овоздиҳии умумӣ, баробар, мустақим ва махфӣ интихоб карда мешавад. Аз 63 вакили Маҷлиси намояндагон 41 нафарашон аз ҳавзаҳои интихоботӣ ва 22 нафар аз рӯи рӯйхатҳои ҳизбӣ интихоб карда мешаванд. Мӯҳлати ваколатҳои вакилон ва аъзои парламент 5 сол аст. Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба синни 25-сола расидааст ва дорои маълумоти олӣ мебошад, метавонад вакили Маҷлиси намояндагон интихоб шавад.

1 марти соли 2020 дар асоси талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва риояи меъёрҳои бисёрҳизбӣ интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум  баргузор гардид ва дар он 63 нафар вакилон ба ин мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузор интихоб шуданд. Синну соли миёнаи вакилон 40 солро ташкил мекунад. Мувофиқи натиҷаҳои овоздиҳӣ 63 мандати вакилон байни ҳизбҳои зерин тақсим гардиданд: Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон – 46; Ҳизби аграрии Тоҷикистон – 7; Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ – 5; Ҳизби коммунистии Тоҷикистон – 2; Ҳизби демократии Тоҷикистон – 1; Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон – 1; Номзади мустақил – 1. 

17 марти соли 2020 Зокирзода Маҳмадтоир Зоир раиси Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистан интихоб гардид.

Маҷлиси намояндагон дар тайи фаъолияти беш аз бистсолаи худ дурустӣ, саривақтӣ ва ба талаботи давру замон мутобиқ будани таъсиси парламенти касбиро собит намуд. Фаъолияти Маҷлиси намояндагон яке аз омилҳои муҳими эъмори ҷомеаи дунявиву демократӣ ва ҳуқуқбунёду ягона ба шумор рафтани қонун ва волоияти онро собит намуд.

Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Парламенти касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари намояндагию қонунгузорӣ равобити байнипарлумонию муносибатҳои хориҷӣ мебошад, ки ба рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо парлумонҳои кишварҳои хориҷ ва созмону ташкилотҳои бузурги ҷаҳонӣ марбут аст. Аз ин рӯ Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тақвияти ҳамкориҳои судманди байнипарлумонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.

Маҷлиси намояндагон ҳамчун мақоми олии қонунбарори Ҷумҳурии Тоҷикистон узви фаъоли Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ассамблеяи парламентии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, Иттиҳоди байнипарламентии ҷаҳон, Иттиҳоди парламентҳои Осиё барои сулҳ ва Ассамблеяи Байнипарламентии Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё мебошад. Ҷиҳати тақвият ва рушди муносибатҳо бо ин созмонҳои бонуфузи олам гурӯҳҳои миллии парламентии Маҷлиси намояндагон таъсис дода шуда, ҳамкориҳои лозима ба роҳ монда шудаанд.

Дар тайи 20 соли фаъолият Маҷлиси намояндагон бо чандин парламентҳои кишварҳои дунё ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ робитаҳои кории мустаҳкам барқарор намуд. Бо мақсади таҳкими муносиботи дуҷонибаи парламентӣ гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагон ва комиссияҳои парлумонӣ бо як зумра парламентҳои ҷаҳон, аз ҷумла бо кишварҳои Руссия, Хитой, Ҷопон, Индонезия, Малайзия, Сингапур, Шри Ланка, Ветнам, Венгрия, Ҷумҳуриҳои исломии Покистону Эрон, Туркия, Ҳиндустон, Куба, Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон, Туркманистон, Урдун, Марокаш, Белорус, Арманистон, Руминия, Словакия, Олмон, Корея, Озарбойҷон ва дигар кишварҳои олам таъсис дода шудааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон:

Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон

Кумита оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният

Кумита оид ба иқтисод ва молия

Кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин

Кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот

Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон

Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ

Кумита оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ

Кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия.

Комиссияҳои Маҷлиси намояндагон:

Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон

Комиссия оид ба одоби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Комиссия оид ба назорати Дастур ва ташкили кор Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон

Комиссияи баҳисобгирии овозҳо оид ба интихоб  намудани Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон.

Маҷлиси Миллӣ (Палатаи болоии парлумон)

Маҷлиси миллӣ 34 нафар аъзо дорад. Аз чор се ҳиссаи аъзои Маҷлиси миллӣ ё 25 нафар аъзо мустақиман дар маҷлисҳои якҷоя намояндагони мардумии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои он, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои онҳо, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои онҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба таври маҳрамона интихоб карда мешаванд. Аз чор як ҳиссаи намояндагони Маҷлиси миллиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб мекунад. Ҳар як воҳиди маъмурӣ, сарфи назар аз андоза ва шумораи аҳолӣ, дар Маҷлиси миллӣ 5 ҷойро ишғол мекунад. Тибқи Сарқонун ҳар як президенти собиқи Ҷумҳурии Тоҷикистон узви якумраи Маҷлиси миллӣ мегардад, агар ӯ аз ин ҳуқуқ даст накашад. Ҳамин тариқ давлат мехоҳад, ки фаъолияти сарвари давлатро эътироф кунад ва ҳамзамон аз таҷрибаи ғании онҳо минбаъд низ истифода намояд.

17 апрели соли 2020 Рустами Эмомалӣ раиси Маҷлиси Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.

Ба истиснои масъалаҳои марбут ба буҷа ва афв, Маҷлиси миллӣ ҷузъи раванди қонунгузорӣ мебошад. Маҷлиси миллӣ аз 5 кумита ва як комиссия иборат аст. Шаҳрванд наметавонад дар як вақт ҳам узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон бошад. Аъзои ҳукумат, судяҳо, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва шахсони дигаре, ки дар Сарқонун муайян шудаанд, наметавонанд узви Маҷлиси миллӣ бошанд.

Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба синни 25-сола расидааст ва дорои маълумоти олӣ аст метавонад узви Маҷлиси миллӣ интихоб ё таъин карда шавад. Фаъолиятҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар шакли ҷаласаҳо сурат мегиранд. Маҷлиси миллӣ на камтар аз чор бор дар як сол даъват карда мешавад. Иҷлосияи навбатии Маҷлиси намояндагон дар як сол як маротиба аз рӯзи аввали кории моҳи октябр то рӯзи охирини кории моҳи июн гузаронида мешавад. Дар давраи байни ду иҷлосияи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, ҳангоми зарурат Президент метавонад ҷаласаи ғайринавбатиро даъват кунад. Дар ин иҷлосияҳо танҳо он масъалаҳое баррасӣ мешаванд, ки сабаби даъвати ин иҷлосияҳо мебошанд. Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон аз байни аъзои худ раис, муовинони якум ва муовинони онҳоро интихоб мекунанд. Яке аз муовинони раиси Маҷлиси миллӣ аз тарафи намояндагони мардуми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон интихоб карда мешавад.

Раисони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон мақомоти ҳамоҳангсози худро, кумитаҳо ва комиссияҳои дахлдорро мустақилона ташкил медиҳанд ва оид ба масъалаҳои марбут ба маҷлиси дахлдор нишастҳои баррасикунандаи парлумонӣ баргузор мекунанд. Мақомоти ҳамоҳангсозии Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ҷаласаҳои худро алоҳида ва ба таври кушод мегузаронанд. Дар ҳолатҳои пешбиникардаи Сарқонун ва қоидаҳои тартиботи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ҷаласаҳои пӯшида низ гузаронида мешаванд. Қонунҳоро Маҷлиси намояндагон қабул мекунад. Қонунҳое, ки Маҷлиси намояндагон қабул кардааст, ба истиснои қонунҳо дар бораи буҷети давлатӣ, ба Маҷлиси миллӣ супурда мешаванд. Танҳо Маҷлиси намояндагон қонунҳоро дар бораи буҷети давлатӣ қабул мекунад. Буҷети давлатӣ аз ҷониби Маҷлиси намояндагон назорат мешавад.

Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон метавонанд худро дар ҷаласаи якҷоя барҳам диҳанд, агар он бо тарафдории на камтар аз чор се ҳиссаи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон тасдиқ карда шавад. Маҷлиси Олӣ дар вазъияти ҷанг ва вазъияти фавқулодда пароканда карда намешавад.

Нигористон

Тақвим