Тоҷикистон- манбаи энергияи сабз

17.03.2020 14:12

ccbd0434699a01cbdbf38c863267fd71.png Тибқи маълумоти Вазорати энергетика ва захираҳои об Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои сарчашмаҳои бузурги оби ошомиданӣ буда, захираҳои об дар маҷмӯъ барои таъмини рушди устувори иқтисоди кишвар нақши муҳим доранд.

Айни замон захираҳои об манбаи асосии истеҳсоли энергия ба шумор рафта, 95%- и барқ дар Тоҷикистон тавассути неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол карда мешавад. Зиёда аз 60 фоизи захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон ташаккул меёбанд.

Дар ҳудуди мамлакат тақрибан 947 адад дарёҳо ҷорӣ мешаванд, ки дарозии умумии онҳо ба 28.500 км баробар мебошад. Амударё ва Сирдарё дарёҳои калонтарин ва асосии мамлакат ба шумор мераванд. Ҳавзаи дарёи Аму дар натиҷаи якҷояшавии ҷараёни оби дарёҳои Панҷ, Вахш, Кофарниҳон ва Сурхоб ташаккул меёбад. Дар ҳамаи дарёҳои мамлакат зиёда аз 350 адад НБО-ҳо мавҷуданд, ки мисоли аёнии зарфиятҳои бузурги энергияи таыдидшавандаи Тоҷикистон мебошанд. Аз ин лиҳоз Тоҷикистон дар барномаи СММ оид ба «Энергияи устувор барои ҳама» ҳамчун давлати пилотӣ пазируфта шудааст.

Аз рӯи иқтидори гидроэнергетикӣ Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги энергия дар ҳаҷми солона 527 млрд. кВт соат нирӯи барқ буда, бо ин зарфият дар ҷаҳон ҷои 1-умро ишғол менамояд. Бино ба омори расмӣ, истеҳсоли миёнаи солонаи неруи барқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки асосан тавассути неругоҳҳои барқи обӣ амалӣ карда мешаванд, 17млрд.кВт. соатро ташкил медиҳад.

«Бунёди неругоҳҳо ва хатҳои интиқоли барқ ба таъмини рушди устувор ва боло бурдани сатҳи зиндагии на фақат мардуми Тоҷикистон, балки тамоми минтақа мусоидат менамояд», — изҳор дошт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Форуми сатҳи баланди кишварҳои рӯ ба инкишофи маҳсур дар хушкӣ дар шаҳри Ню-Йорки ИМА моҳи сентябри соли 2015.

Давоми 29 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар соҳаи электроэнергетикаи ҷумҳурӣ 25 лоиҳаи сармоягузорӣ бо ҷалби зиёда аз 2,4 млрд. доллари ИМА татбиқ гардида, барои соҳа дастовардҳои мусбат ба бор оварданд. «Муҳимтарин дастовардҳои соҳа ин мавриди истифода қарор гирифтани иқтидорҳои нави тавлиди неруи барқ ба монанди неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1» (670МВт), «Сангтӯда-2» (220МВт), Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» (400 МВт) ва неругоҳҳои барқи обии хурд (30 МВт) бо иқтидори умумии  1320 МВт, сохтмони зеристгоҳҳои барқии 500кВ «Душанбе-500», «Суғд-500», «Дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии 500 кВ дар НБО-и «Норак»», хати интиқоли барқи 500кВ «Ҷануб-Шимол», ду хати интиқоли барқи 500 кВ аз НБО Роғун то зеристгоҳи «Душанбе-500», зеристгоҳҳои барқии 220 кВ «Лолазор», «Хатлон», «Айнӣ», «Шаҳристон», «Шаҳринав», «Геран-2», «Дастгоҳҳои тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии 220 кВ дар НБО-и «Норак» ва НБО-и «Қайроққум» ва хатҳои интиқоли барқи 220 кВ «Лолазор — Хатлон», «Тоҷикистон — Афғонистон», «Хуҷанд – Айнӣ», «Қайроқум-Ашт»,  «Геран-Румӣ», «Қайроқум-Суғд» ва «Айнӣ–Рӯдакӣ» ба шумор мераванд».

Тоҷикистон тасмим гирифтааст, тибқи дурнамои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон иқтидори энергетикии худро то соли 2030 ба 10 ҳазор мегаватт баробар намояд. Ин тадбирҳо на танҳо барои имрӯзу фардои дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол, балки ба беҳбудии минтақа нигаронида шудаанд.

Дар баробари он, ки дарёҳои Тоҷикистон асоси иқтидори гидроэнергетикии кишварро ташкил медиҳанд, яке аз хусусиятҳои он дар ин аст, ки оби ҳамаи дарёҳо мувофиқи стандартҳои ҷаҳонӣ ҳамчун оби ошомиданӣ эътироф шудаанд. Аз ин сабаб бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷмаи Умумии СММ соли 2003 "Соли байналмилалии оби тоза", солҳои 2005-2015 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои ҳаёт", соли 2013 ҳамчун "Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об" ва ниҳоят солҳои 2018-2028 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор" эълон карда шуданд.

Нигористон

Тақвим